ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

Ф.Н. Низомзода

Аннотатсия:  

Дар мақола масъалаи муайян намудани меъёрҳои асосии ҷойгирнамоии марказҳои нақлиётию логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, демографӣ ва нақлиётии кишвар, омилҳои таъсиррасон ба интихоби макони ҷойгиршавии марказҳои нақлиётию логистикӣ таҳлил карда шудаанд. Меъёрҳои асосӣ, аз ҷумла мавқеи ҷуғрофии минтақа, сатҳи рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳаҷми ҷараёнҳои боркашонӣ, иқтидори саноатию аграрӣ, ҳаҷми истеҳсолот ва истеъмоли молу маҳсулот, иқтидори содиротию воридотӣ, шумораи аҳолӣ ва имконияти пайвастшавӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ муайян карда шудаанд. Муайян гардид, ки истифодаи маҷмӯи меъёрҳои мазкур имкон медиҳад, ки мутобиқати ҳудудҳои алоҳида ба талаботи ҷойгирнамоии марказҳои нақлиётию логистикӣ объективона баҳогузорӣ карда шавад. Меъёрҳои пешниҳодшуда метавонанд ҳамчун заминаи илмӣ-методӣ барои интихоби макони оптималии ҷойгирнамоии марказҳои нақлиётию логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд. 

Калидвожаҳо: марказҳои нақлиётию логистикӣ, ҷойгирнамоӣ, меъёрҳои ҷойгирнамоӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, ҷараёнҳои боркашонӣ, иқтидори саноатию аграрӣ, иқтидори логистикӣ, долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон.