С.Б. Мирзозода
Аннотатсия:
Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии идоракунии дороиҳои роҳ бо дарназардошти талаботи муосир ба ташкили нигоҳдорӣ, таъмир ва банақшагирии рушди инфрасохтори роҳ баррасӣ шудаанд. Асоснок карда шудааст, ки дар шароити муосир ҳамчун объекти идоракунӣ баррасӣ намудани дороиҳои роҳ мувофиқ мебошад, ки шабакаи роҳҳо, либоси роҳ, кӯпрукҳо ва иншооти обгузар, унсурҳои ободонии роҳ, инчунин маълумоти инвентаризатсия, ташхис ва мониторингро дар бар мегиранд. Сатҳҳои шабакавӣ, барномавӣ, лоиҳавӣ ва истифодабарии идоракунӣ ба низом дароварда шуда, вазифаҳои асосӣ, маълумоти истифодашаванда ва хусусияти қарорҳои қабулшаванда муайян гардидаанд. Ба нақши ташхиси ҳолати техникии роҳҳо, шиносномакунонии рақамӣ, СИҶ (ГИС), бонкҳои автоматикунонидашудаи маълумот ва мониторинг дар таъмини иттилоотии раванди идоракунӣ диққати махсус дода шудааст. Зарурати гузариш аз бартарафсозии реактивии нуқсонҳо ба идоракунии пешгирикунандаи дороиҳои роҳ дар тамоми давраи хизмати онҳо баррасӣ шудааст. Нишон дода шудааст, ки дар шароити маҳдудияти захираҳои молиявӣ афзалиятбандии чорабиниҳо бояд ҳолати воқеии объектҳо, пешгӯии фарсудашавӣ, аҳамияти нақлиётӣ, хавфҳо, арзиши корҳо ва оқибатҳои ба таъхир гузоштани таъмирро ба назар гирад. Хулоса шудааст, ки ташаккули низоми ҳамгирошудаи идоракунии дороиҳои роҳ зарур буда, он бояд робитаи мутақобилаи ташхис, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, иҷрои чорабиниҳо ва мониторинги минбаъдаи натиҷаҳоро таъмин намояд.
Калидвожаҳо: роҳҳои автомобилгард, дороиҳои роҳ, давраи хизмат, ташхиси ҳолат, таъмир ва нигоҳдорӣ, СИҶ (ГИС), мониторинг.

