ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Абдуғаниев Абдумаҷид Мамасодиқович, Акрамов Авазҷон Абдуллоевич, Ҷурақулов Муродали Роҳатович 

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур истифодаи хокистар-гулхан (зола-унос) ҳамчун воситаи дигаргунсозии соҳаи сохтмон тавассути ҷорисозии усули инноватсионии баланд бардоштани мустаҳкамии бетон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Истифодаи ин партовҳои саноатӣ ҳамчун ҷузъи дуюмипайвасткунанда дар технологияи истеҳсоли бетон самаранокии худро дар якчанд самт собит менамояд. Ба кор бурдани ин ашёи хоми техногенӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои зерин ба даст оварда шаванд: беҳтаршавии назарраси хосиятҳои физикию механикӣ ва истифодабарии иншооти бетонӣ; коҳиши қобили мулоҳизаи арзиши аслии маҳсулот ба воситаи сарфаи маводҳои аввалияи пайвасткунанда; кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист тавассути коркарди самарабахши партовҳои соҳаи ангишт. Муносибати мунтазам ба омӯзиши хусусиятҳои хокистар-гулхан ва таҷрибаи амалии андӯхташуда ҷиҳати истифодаи он, уфуқҳои навро барои сохтани масолеҳи сохтмонии устувор ва дарозмуддат боз менамояд.

Калидвожаҳо: хокистари ангиштсанг, бетон, семент, мустаҳкамӣ, устуворӣ, иловаҳои минералӣ, масолеҳҳои хокистаршлак.