ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Низомов Ҷ.Н, Қаландарбеков И, Қаландарзода И.И, Ҷурахонзода Д.Ҷ, Амруллоҳ А.

Аннотатсия: 

Дар мақола маводи адабиёт оиди моделсозии конструксияҳои биноҳои бисёрошёна оварда шудааст. Таҳлили методҳои гуногуни моделсозии конструксияҳо дида баромада шудааст. Нишон дода шудааст, ки назарияи монандӣ дар навбати худ асоснокии гузаронидан ва имконияти истифодабарии маълумотҳои санҷиши моделӣ барои таҳлили рафтори конструксияҳои аслӣ истифода бурда шаванд. Гузаронидани санҷишҳои моделӣ имконият медиҳад, ки характеристикаҳои динамикии конструксияҳои тарҳрезишавандаро бо дақиқии кофӣ муайян карда, дар ҳолати зарурӣ дар марҳилаи тарҳрезӣ ислоҳот ворид намоянд. Ҳамчун мисол моделсозии масъалаҳои динамикии болор дида баромада шудааст. Лаппиши озоди болор бо буриши кундалангии росткунҷа ва массаи мунтазам тақсимшуда дида баромада шудааст.

Калидвожаҳо: моделсозӣ, модел, моделсозии механикӣ, моделсозии физикӣ, моделсозии математикӣ, назарияи монандӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, меъёрҳои монандӣ.