ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Усмонов Шӯҳрат Заурович

Аннотатсия: 

Дар мақола масъалаи татбиқи принсипҳои сохтмони сабз бо мақсади коҳиши истеъмоли энергия дар биноҳои истиқоматӣ баррасӣ мешавад. Шарҳи умумии технологияҳои муосири сарфаи энергия — аз гармимадҳудкунии беҳтар, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия то ҳалли меъмории ғайрифаъол — бо истифода аз маълумоти эмпирикӣ ва таҳлили мисолҳои воқеӣ пешниҳод мегардад. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки технологияҳои сабз метавонанд истеъмоли энергияро ба таври назаррас коҳиш диҳанд: дар лоиҳаҳои стандартӣ 20–40% ва дар ҳолатҳои идеалӣ то 60–75% ва бештар. Дар мақола намунаҳои муваффақи биноҳои истиқоматии аз ҷиҳати энергия каммасраф, аз ҷумла биноҳои ғайрифаъол бо истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таҳлил карда шуданд. Хулоса бароварда шудааст, ки татбиқи ҳамаҷонибаи принсипҳои сохтмони сабз барои коҳиши сарфи энергия дар бахши манзил ва баланд бардоштани устувории экологӣ ва сатҳи бароҳатии дохилии биноҳо муҳим мебошад.

Калимаҳои калидӣ: сохтмони сабз, самаранокии энергетикӣ, биноҳои истиқоматӣ, бинои  ғайрифаъол, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, панелҳои офтобӣ, гармимаҳдудкун, рушди устувор, автоматикунонии бино, бозёфти гармӣ (рекуператсия), сарфаи энергия, хонаи экологӣ, мутобиқсозӣ ба иқлим, ҳалли меъморӣ, давраи ҳаётии бино.