ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат

Аннотатсия: 

Дар мақола хусусиятҳои синтези санъат дар муҳити меъмории шаҳри Душанбе баррасӣ карда мешавад. Таҷрибаи ҷамъшуда, марҳилаҳои рушд, ҳамкорӣ ва пайдарпаӣ дар соҳаи санъати меъморӣ-декоративӣ ва монументалӣ таҳлил карда шуда, инчунин самтҳо барои ҷустуҷӯи ҳалҳои нави эҷодӣ, ки ба вазифаҳои муосири тағйиребии бадеии муҳити шаҳрӣ мувофиқат мекунанд, муайян карда шудаанд. Қайд карда мешавад, ки солҳои 80 - ум ва 90-уми асри ХХ на танҳо бо ҷустуҷӯи интенсивии синтези санъат ва меъморӣ дар муҳити шаҳрӣ, балки бо муайян кардани хосият дар симои маҷмааҳо ва ансамблҳои калони меъморӣ ва бадеӣ хос мебошад.

Калидвожаҳо: меъморӣ, синтез, санъат, фарҳанг, таърихи меъморӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, анъанаҳои бадеӣ-декоративӣ, дизайн.