Саидзода Фирдавс Ҳамро, Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович
Аннотатсия:
Дар ин мақола масъалаи баҳогузории сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллифон бо мақсади муайян кардани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон аз хизматрасониҳои нақлиётӣ, усули коэффитсиенти конкордатсияро ҳамчун як воситаи таҳлил истифода бурдаанд. Тавассути ҷамъоварии маълумот аз гурӯҳи коршиносон ва таҳлил, нишон дода мешавад, ки кадом ҷанбаҳои хизматрасонӣ бештар ё камтар мувофиқи талаботи истифодабарандагон мебошанд. Натиҷаҳои тадқиқот метавонанд барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти мусофирбар мусоидат намоянд.
Калидвожаҳо: нақлиёти мусофирбар, сифати хизматрасонӣ, коэффитсиенти конкордатсия, арзёбӣ, қаноатмандӣ, хизматрасониҳои нақлиетӣ, таҳлил.

