Саломзода Раҳмиддин Салом, Бобоев Муҳаммадҷон Ҷурахонович
Аннотатсия:
Дар ин мақола равиши комплексии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табдилдиҳии амиқи соҳавии логистика тавассути ҳамгироии Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028 ва маҷмӯи панҷ стандарти нави миллӣ (СТ РТ 1145–1149) мавриди таҳлил қарор мегирад. Барнома ҳадафҳои стратегӣ ва нишондодҳои молиявиро муайян мекунад, Дар ҳоле, ки стандартҳо ҳамчун чаҳорчӯбаи институтионии асосӣ амал намуда, заминаи амалӣ гардидани ин ҳадафҳоро таъмин менамоянд. Мазмун ва аҳамияти ҳар як стандарт муфассал шарҳ дода мешавад: талабот ба муҷаҳҳазонидани техникӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ-экспедитсонӣ (СТ РТ 1145), истилоҳот ва таърифҳои фаъолияти логистикӣ (СТ РТ 1146), талаботи умумӣ ва расмиёти сертификатсиякунонӣ (СТ РТ 1147), таснифоти инфрасохтори анборҳо (СТ РТ 1148) ва талабот ба салоҳияти касбии кормандоне, ки хизматрасонии логистикиро иҷро мекунанд ва расмиёти сертификатсиякунонӣ (СТ РТ 1149). Хулоса бароварда мешавад, ки татбиқи ин стандартҳо шароити пешбинишавандаро барои ҷалби сармоягузорӣ фароҳам оварда, ягонагии талабот ба сифатро таъмин намуда, заминаи ҳамгироии системаи миллии логистикаи кишварро ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷа ба ташаккули иқтисодиёти муосир, қавӣ ва рақобатпазир мусоидат мекунад.
Калидвожаҳо: логистика, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ, стандартҳои миллӣ, стандартизатсия, сармоягузорӣ, марказҳои нақлиётиву логистикӣ, сертификатсияи кормандон, рушди иқтисодӣ.

