ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

О.Б. Бердиев, Б.Ф. Ботиров

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур тағйирёбии мустаҳкамии фишории бетони анъанавии синфи B30 вобаста ба давомнокии сахтшавӣ, инчунин равандҳои ташаккули таркиби минералогии санги сементӣ ба таври таҷрибавӣ таҳқиқ карда шудаанд. Мустаҳкамии фишории намунаҳои бетон дар синни 3, 7 ва 28 шабонарӯз муайян гардида, тағйироти минералогии дар санги сементӣ баамаломада бо усули дифраксияи рентгенӣ (XRD) арзёбӣ карда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмоиш муайян гардид, ки мустаҳкамии фишории бетон дар синни 3 шабонарӯз 25,11 МПа, дар синни 7 шабонарӯз 28,07 МПа ва дар синни 28 шабонарӯз 40,02 МПа-ро ташкил дод. Қиматҳои мазкур нисбат ба мустаҳкамии 28-шабонарӯза мутаносибан 62,7; 70,1 ва 100 %-ро ташкил намуданд. Натиҷаҳои таҳлили XRD нишон доданд, ки бо зиёд шудани давомнокии сахтшавӣ дар таркиби минералогии санги сементӣ тағйироти назаррас ба амал меоянд. Дар намунаи 3- шабонарӯза дар минтақаи 2θ≈29,4° максимуми дифраксионии дорои шиддатнокии баланд ба қайд гирифта шуда, инчунин максимумҳои дифраксионии марбут ба фазаҳои C₃S, C₂S, C₄AF ва C₃A муайян карда шуданд. Дар синни 7 шабонарӯз афзоиши возеҳият ва шиддатнокии максимумҳои дифраксионӣ мушоҳида гардида, инчунин фазаи портландит Ca(OH)₂ ба қайд гирифта шуд. Дар намунаи 28-шабонарӯза ташаккули сохтори устувори кристаллӣ ва зичшавии микросохтори санги сементӣ мушоҳида гардид. Натиҷаҳои бадастомада аз мавҷудияти робитаи зич байни кинетикаи афзоиши мустаҳкамии бетон, равандҳои гидрататсияи семент ва тағйирёбии таркиби минералогии санги сементӣ бо мурури вақт шаҳодат медиҳанд.

Калидвожаҳо: Бетон, синфи B30, мустаҳкамӣ ҳангоми фишурдашавӣ, кинетикаи афзоиши мустаҳкамӣ, гидрататсияи семент, таҳлили рентгенодифраксионӣ, XRD, таркиби минералогӣ, алит, белит, портландит.