ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

И.С. Муминов

Аннотатсия: 

Дар мақола ҳолати шиддатнокию шаклтағйирии гиреҳи пайвастшавии плита бо сутун дар синҷи беболори оҳанубетонӣ ҳангоми афзоиши боргузорӣ баррасӣ шудааст. Модели ҳисобии ҳаҷмии 3D-и гиреҳ бо миқёси 1:1 бо истифода аз маҷмааи барномавии ЛИРА-САПР таҳия гардидааст. Ҳисоб бо дарназардошти ғайрихаттии физикии бетон ва арматура иҷро карда шудааст. Ба сифати мавод бетони вазнини синфи В25, арматураи тӯлӣ аз синфи А500 ва арматураи арзӣ аз синфи А240 қабул гардида, ғайрихаттии физикӣ ва геометрӣ ба назар гирифта шудааст. Боргузорӣ ба таври баробар дар тамоми масоҳати плита тақсим гардида, марҳила ба марҳила бо қадами 1 кН/м² то қимати максималии 30 кН/м² зиёд карда шудааст. Дар раванди ҳисоб шиддатҳои нормалӣ ва расанда, хусусияти инкишофи тарқишҳои маҳаллӣ дар бетон, инчунин қувваҳои нормалӣ N дар арматура таҳлил карда шуданд. Муайян гардид, ки минтақаи аз ҳама бештар шиддатнок қисми такягоҳӣ дар наздикии канори сутун буда, дар он ҷо консентратсияи шиддатҳо мушоҳида мешавад. Ҳангоми минбаъд зиёд намудани боргузорӣ минтақаи осебдида тадриҷан дар самти болорҳои пинҳонӣ васеъ мегардад. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки болорҳои пинҳонӣ дар тақсим намудани қувваҳои дохилӣ иштирок намуда, ба хусусияти кори гиреҳ таъсир мерасонанд. Ин имкон медиҳад, ки хусусиятҳои ҳолати шиддатнокию шаклтағйирии гиреҳ ҳангоми афзоиши боргузорӣ арзёбӣ карда шаванд.

Калидвожаҳо: синҷи беболор, гиреҳи пайвастшавии плита бо сутун, ҳолати шиддатнокию-шаклтағйирӣ, ЛИРА-САПР, ғайрихаттии физикӣ, болори пинҳонӣ, тарқишпайдошавӣ, шиддатҳои нормалӣ, шиддатҳои расанда.