Ҷ.Т. Пиров
Аннотатсия:
Дар мақола самаранокии молиявии истифодаи воситаҳои нақлиёти барқии шахсӣ ва иҷоравӣ дар бозори таксии шаҳри Душанбе таҳқиқ шудааст. Дар асоси маълумоти 13 324 воситаи нақлиёти таксӣ ва 18 348 ронанда, параметрҳои фаъолияти як баст, фонди вақти корӣ, масофаи солона, хароҷоти амалиётӣ, арзиши аслии 1 км, даромад ва фоидаи ронанда ҳисоб карда шудаанд. Барои ҳисобҳо масофаи миёнаи 180 км дар як рӯз, 276 рӯзи воқеии корӣ ва тарифи 3 сомонӣ барои 1 км қабул гардидааст. Хароҷоти солонаи воситаи нақлиёти шахсӣ 114 035 сомонӣ ва воситаи нақлиёти иҷоравӣ 124 280 сомониро ташкил дода, фоидаи солона мутаносибан 35 005 ва 24 760 сомонӣ муайян шудааст. Таъсири сатҳи даромаднокӣ ба давомнокии вақти кор, хастагии ронанда, бехатарии ҳаракат ва сифати хизматрасонӣ арзёбӣ гардида, таҷрибаи кишварҳои минтақа оид ба комиссияи агрегаторҳо ва автопаркҳо муқоиса шудааст. Бо истифода аз моделсозии иқтисодӣ-математикӣ таъсири комиссияи аз 0 то 30 фоиз ба фоидаи ронандагони воситаи нақлиёти шахсӣ ва иҷоравӣ муайян шуда, зарурати гузариш аз пардохти собити ҳаррӯза ба низоми мутавозини фоизӣ асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: таксӣ, воситаи нақлиёти барқӣ, хароҷоти амалиётӣ, арзиши аслӣ, даромаднокӣ, комиссия, агрегатор, автопарк, вақти корӣ, бехатарии ҳаракат, сифати хизматрасонӣ, шаҳри Душанбе.

