ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

Ф.Н. Низомзода

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва стратегии рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт асос ёфтаанд, муайян гардидаанд. Вазъи муосири инфрасохтори нақлиётии кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии рушди роҳҳои автомобилгард ва долонҳои байналмилалии нақлиётии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранда, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мушкилоти асосие, ки ба фаъолияти самаранок ва рушди минбаъдаи низоми нақлиётӣ монеъ мешаванд, таҳлил гардида, чораҳои асосии такмили инфрасохтори нақлиётӣ муайян шудаанд. Ба баланд бардоштани сифат ва бехатарии роҳҳои автомобилгард, рушди робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ, такмили иқтидори транзитии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор ва мусофирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар асоси таҳлили гузаронидашуда самтҳои стратегии рушди минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ муайян гардида, ба баланд бардоштани самаранокӣ, рақобатпазирӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии нақлиётӣ равона шудаанд. Самтҳои пешниҳодшуда ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, такмили идоракунии ҷараёнҳои нақлиётӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории соҳаро дар бар мегиранд.

Калидвожаҳо: инфрасохтори нақлиётӣ, рушди низоми нақлиётӣ, долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, роҳҳои автомобилгард, инфрасохтори роҳ, иқтидори транзитӣ.