Ш.А. Бобозода
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқот ва таҳлили роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таъминоти барқ дар асоси истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, махсусан энергияи офтобӣ, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Мақсади асосии таҳқиқот таҳлили имкониятҳои истифодаи энергия офтобӣ барои зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ, коҳиш додани талафоти он ҳангоми интиқол ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва аз шабакаҳои марказии барқ дур ҷойгиршуда мебошад. Дар ин замина, истифодаи панелҳои фотоэлектрикӣ ҳамчун яке аз роҳҳои алтернативӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ баррасӣ гардидааст. Дар раванди таҳқиқот як қатор корҳои илмӣ оид ба истифодаи энергияи офтоб, системаҳои мустақили фотоэлектрикӣ, системаҳои гибридии таъминоти барқ, системаҳои пайгирии офтобӣ, усулҳои муайян намудани иқтидори оптималии панелҳои офтобӣ ва аккумуляторҳо, инчунин усулҳои коҳиш додани талафоти энергияи барқ таҳлил карда шудаанд. Дар натиҷаи таҳлил муайян гардид, ки истифодаи панелҳои офтобӣ метавонад дар минтақаҳои дурдаст роҳи самараноки таъмини истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ бошад. Истифодаи чунин системаҳо имконият медиҳад, ки вобастагӣ аз хатҳои дарози интиқоли барқ ва сӯзишвории анъанавӣ коҳиш ёфта, талафоти нерӯи барқ ҳангоми интиқол кам ва эътимоднокии таъминоти барқ баланд карда шавад. Ҳамзамон, афзоиши иқтидори насбшудаи панелҳои офтобӣ ва интихоби дурусти шумораю иқтидори онҳо метавонад барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва мутобиқ намудани истеҳсол ба талаботи воқеии истеъмолкунанда мусоидат намояд.
Калидвожаҳо: энергияи офтоб, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, панелҳои фотоэлектрикӣ, таъминоти барқ, минтақаҳои дурдаст, талафоти нерӯи барқ, системаи гибридӣ.

