ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Бердизода Миргул Бердӣ, Норматов Абдурахмон Юсупович 

Аннотатсия: 

Дар мақола таҳлили мукаммали сатҳи фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва обихроҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тақсимоти минтақавӣ, шумораи аҳолӣ ва навъи маҳалҳои аҳолинишин гузаронида шудааст. Тафовут дар сатҳи таъмин бо хизматрасониҳо байни минтақаҳои шаҳрӣ ва деҳот, инчунин дар буриши вилоятҳо баррасӣ гардидааст. Муайян карда шудааст, ки сатҳи баланди фарогирӣ бештар ба шаҳрҳои калон хос буда, дар маҳалҳои аҳолинишини хурд ва ноҳияҳои кӯҳӣ дастрасӣ маҳдуд мебошад, махсусан нисбат ба хизматрасониҳои обихроҷӣ ва санитария. Намудҳои мавҷудаи ташкилотҳое, ки хизматрасониҳоро таъмин менамоянд, аз ҷумла шаклҳои идоракунии мутамарказ ва ғайримутамарказ, таҳлил карда шудаанд. Масъалаҳои асосии соҳа муайян гардида, самтҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории системаҳои таъминоти об ва обпартоӣ пешниҳод шудаанд.

Калидвожаҳо: обтаъминкунӣ, обихроҷӣ, ноҳияҳои куҳӣ, инфрасохтори коммуналӣ, моделҳои идоракунӣ, санитария.