ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Муминов Ихтиёр Субҳонқулович, Акрамов Авазҷон Абдуллоевич, Абдураҳмонова Гулзора Алимҷоновна 

Аннотатсия: 

Композитсия дар заминаи хокистари ангиштсанги баландкалсиум ва пасткалсиум, ки бо карбонати натрий фаъол карда шудааст, низоми самарабахши маводи пайвасткунандаи гидравликии беклинкериро ифода мекунад. Ҳангоми омехтакунӣ бо об муҳити ишқорӣ ба вуҷуд меояд, ки реаксияҳои путсоланӣ ва гидравликии ҷузъҳои хокистарро оғоз мебахшад. Ин раванд боиси ташаккули сохтори устувори санги обтобовар мегардад, ки ҳудуди мустаҳкамии он дар доираи 10-20 МПа ва аз он боло тағйир меёбад. Коркарди гидротермалӣ суръати мустаҳкамшавии маводро ба таври назаррас меафзояд. Дар ин росто, назорати деформатсияҳои ҳаҷмӣ, ки дар натиҷаи гидрататсияи CaO-и озод ба амал меоянд, аҳамияти калидӣ дорад. Миқёси ин деформатсияҳо аз маҷмӯи омилҳо: таркиби кимиёвии хокистар, сатҳи хоси он ва реҷаи интихобшудаи ҳарорат вобаста аст. Баҳисобгирии дурусти ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳад, ки васеъшавии ҳаҷм дар доираи талаботи меъёрӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳамчун воситаи иловагии устуворсозӣ, ворид намудани кремнезёми ултрадисперсӣ истифода мешавад, ки зуҳуроти харобкунандаро ҳатто ҳангоми истифодаи фраксияҳои дурушти хокистар бо миқдори зиёди оҳаки озод самаранок пешгирӣ менамояд.

Калидвожаҳо: хокистари ангиштсанг, маводҳои пайвасткунандаи композитсионӣ, микрокремнезем, истифодаи такрорӣ, оксиди калсий, хокистари турш, хокистари калсияш баланд, бетони геополимерӣ.