ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Рахматуллозода Шахноз Ибодулло, Гиёси Мехрубон Рахматулло

Аннотатсия: 

Дар мақола хусусиятҳои ҳифзи анъанаҳои меъмории Тоҷикистон дар шароити ҷорӣ намудани васеи қарорҳои нави лоиҳакашӣ баррасӣ мегардад. Гурӯҳҳои типологии биноҳо, ки сохтори муҳити шаҳриро ташаккул медиҳанд, таҳлил шуда, усулҳои универсалии бозсозӣ ва навсозӣ муайян карда мешаванд, ки пайдарҳамӣ ва ҳамгироии мутаносиби унсурҳои навро таъмин менамоянд.

Калимаҳои калидӣ: анъанаи меъморӣ, муҳити шаҳрӣ, бозсозӣ, ҳувият, мероси фарҳангӣ.