ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ
ISSN 2520-2227

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Фазилов Анвар Рахматджанович 

Аннотатсия: 

Мақола ба масъалаи таҷдиди акустикии театри кушода дар мисоли театри кушода, воқеъ дар кучаи Исмоили Сомонии ш. Душанбе бахшида шудааст. Дар мақола нишондиҳандаҳои асосии баҳодиҳии шароити акустикӣ дар толорҳо, инчунин усулҳои ташаккули муҳити мусоиди акустикӣ дар театрҳои кушода оварда шудаанд. Корҳо оиди муоина ва таҳлили ҳалли меъмориву-тарҳӣ ва ҳолати сатҳи дохилии конструксияҳои иҳотавӣ гузаронида шуда, ҳисобҳои мувофиқи муҳити акустикии мавҷуда барои театр анҷом дода шудаанд. Инчунин, натиҷаи корҳои иҷрогардида оварда шудаанд ва аз рӯи натиҷаи онҳо хулоса карда шуд, ки театри баррасишаванда аз рӯи параметрҳои акустикӣ ташаккули мусоиди муҳити акустикиро таъмин карда наметавонад ва таҷдиди мувофиқи акустикӣ зарур мебошад. Дар асоси натиҷаҳои корҳои иҷрогардида тавсияҳо барои таҷдиди акустикии театри кушода таҳия карда шудаанд.

Калидвожаҳо: акустика, театри кушода, таҷдид, сохтори инъикосҳо, ревербератсия, диффузнокӣ, артикулятсия.