ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Акрамов Авазҷон Абдуллоевич 

Аннотатсия: 

Корҳо оид ба оптимизатсияи афзоиши устувории маводҳои пайвасткунандаи омехта, ки аз чор ҷузъ: клинкери портландсементӣ (50 %), шлаки домнагӣ, хокистар-кул (зола-унос) ва орди оҳаксанг иборатанд, гузаронида шуданд. Тавассути танзими таркиби донагии маводҳои ибтидоӣ ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои устуворӣ даст ёфта шуд. Натиҷаҳои беҳтарин дар таркибҳои дорои 30 фоиз шлак ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо афзоиши устуворӣ дар шабонарӯзи 28-ум то 18 %-ро ташкил дод ва ин аз нишондиҳандаҳои намунаҳои дорои 20 % шлак болотар аст. Бо вуҷуди ин, усули пешниҳодшудаи оптимизатсия ҳоло хусусияти назариявӣ (гипотетикӣ) дорад, зеро ба даст овардани шлаки ниҳоят майда (баланддисперсӣ) бо усулҳои муосири суфтакунӣ ва сепаратсия аз ҷиҳати иқтисодӣ номувофиқ дониста шуд.

Калидвожаҳо: сементҳои композитсионӣ, клинкер, шлак, хокистар-кул, оҳаксанг, устуворӣ, сатҳи хос