Каримов Насимҷон Мирзораҳимович, Қаландаров Диловаршоҳ Файзуддинович, Шарифов Мирзобаҳодур Ҳабибович
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур таҳлили ҳамаҷонибаи равишҳои муосири арзёбии нишондиҳандаҳои гармнигоҳдории конструксияҳои берунаи иҳотавии биноҳои шаҳрвандӣ пешниҳод гардидааст. Таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани самаранокии энергетикии конструксияҳои иҳотавии биноҳо дар шароити иқлимии шаҳри Хуҷанд равона шудааст. Методикаҳои ҳисоби муайян намудани гармгузаронии конструксияҳои иҳотавӣ дар давраи сардии сол ва гармиустуворӣ дар давраи гарми сол дида баромада шудааст. Таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои гармотехникии намудҳои гуногуни конструксияҳои деворӣ иҷро шудааст. Натиҷаҳои ҳисобҳо дар мисоли конструксияи девори бисёрқабата оварда шудаанд, ки мутобиқати онҳоро ба меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
Калидвожаҳо: самаранокии энергетикӣ, сарфаҷӯйи, биноҳои шаҳрвандӣ, гармиустуворӣ, гармнигоҳдорӣ, гармигузаронӣ, конструксияҳои иҳотавӣ, муқовимати гармигузаронӣ, ҳарорати шабонарӯзи давраи гармидиҳӣ (ҲШДГ).

