Сайдуллозода Сайвали Сайдулло, Мажитов Бахриддин Жамилович, Мамбеталин Кахим Токушевич
Аннотатсия:
Бояд қайд намуд, ки нақши нақлиёти автомобилии боркаш дар системаи ягонаи нақлиётӣ муайянкунанда мебошад, зеро он ҳиссаи асосии гардиши дохилии борҳоро таъмин намуда, самаранокии истифодаи он бевосита аз мувозинати байни хароҷот ва маҳсулнокӣ вобаста аст. Мусаллам аст, ки самаранокии иқтисодии истифодаи автомобилҳо асосан бо коэффисиенти истифодаи гашт, омодагии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (АТС) ва сарфаи сӯзишвории онҳо баҳо дода мешавад. Дар мақола масъалаи баҳодиҳии самаранокии истифодаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси нишондиҳандаҳои хоси энергетикии онҳо баррасӣ гардидааст. Усули баҳодиҳии муқоисавии автомобилҳои синфҳо ва намудҳои гуногун бо муҳаррикҳои гуногун аз рӯи хароҷоти хоси энергетикии раванди ҳамлу нақл пешниҳод гардидааст. Ҳамчун меъёрҳои баҳодиҳӣ эквиваленти энергетикии сӯзишвории масрафшаванда, энергияи хоси зарурӣ барои худҳаракатии автомобил бо вазни мутаҳаррик ва коэффисиенти самаранокии энергетикӣ истифода шудаанд. Дар мақола системаи нишондиҳандаҳои хос коркард гардидааст, ки бо воҳиди МДж/(т·км) ифода мешаванд ва он имконият медиҳад автомобилҳо новобаста аз вазн ва хусусиятҳои конструктивиашон бо ҳам муқоиса карда шаванд. Таҳлили муқоисавии автомобилҳои боркаши истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ бо муҳаррикҳои карбюраторӣ ва дизелӣ низ анҷом дода шудааст. Муайян карда шудааст, ки энергияи хос барои худҳаракатии автомобилҳо барои намудҳои гуногуни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қиматҳои ба ҳам наздик доранд, дар ҳоле ки автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дизелӣ ва иқтидори баланди борбардорӣ бо хароҷоти камтари хоси энергетикӣ ва самаранокии баланди энергетикӣ тавсиф карда мешаванд. Усули пешниҳодшаванда метавонад ҳангоми интихоби воситаҳои нақлиёт ва баҳодиҳии самаранокии энергетикии ҳамлу нақли борҳо истифода шавад.
Калидвожаҳо: нақлиёти автомобилӣ, самаранокии энергетикӣ, эквиваленти энергетикии сӯзишворӣ, энергияғунҷоиши хос, раванди ҳамлу нақл, хароҷоти энергетикӣ, автомобилҳои боркаш, самаранокии истифодабарӣ.

