Содатдинова Анҷуман Садриддиновна, Сурайё Саидумар Бобосаидзода, Сафаров Саймухаммад Исломович, Мабаткадамзода Кимё Сабзкадам, Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо
Аннотатсия:
Комплексҳосилшавии нуқра(I) бо 2-меркаптоимидазол дар маҳлулҳои обӣ-диметилформамид бо усули потенсиометрӣ омӯхта шуд. Хосиятҳои кислота-асосии 2-меркаптобензимидазол дар ин муҳитҳо вобаста ба миқдори ҳалкунандаи ғайриобӣ таҳқиқ карда шуданд. Бо истифода аз константаҳои ионизатсияи муайяншуда, ҳудудҳои бартарии шаклҳои гуногуни 2-меркаптоимидазол вобаста ба рН маҳлул муайян карда шуданд. Диаграммаи ин муайянкуни бо истифода аз ҳиссаи моли , ва фраксияҳои хиссаи консентратсияи умумии лиганд (молекули ё ионизатсияшуда) дар рН-и мушаххас ба таври математики сохта шудааст. Комплексҳосилшавии нуқра бо ин лиганди органики ому хта шуда, таркиб ва устувории комплексҳои ҳосилшуда муайян карда шуданд.
Калидвожаҳо: нуқра, 2-меркаптоимидазол, диметилформамид, собитаҳои умумии устуворӣ, ҳалкунандаи ғайриобӣ.

