ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ТЕХНОЛОГИЯИ КИМИЁВӢ

Акрамов Муҳаммад Бозорович, Бахтовари Мирзовалй, Мирзода Ислом Ояхмад 

Аннотатсия: 

Дар мақола натиҷаҳои тадқиқи вобастагии ҳарорати зариби часпакии динамикӣ (η), кинематикӣ (ν) ва зичии (ρ) 1,4-бензодиоксан оварда шудаанд. Графикҳои вобастагии ҳарорати коэффитсиентҳои ν ва η сохта шудаанд. Бо истифода аз барномаи таҳлилии Sigma Plot моделҳои компютерӣ-математикии вобастагиҳо дар шакли муодилаҳои регрессионӣ тасвир карда шудаанд. Муодилаҳои регрессионии моделҳоро дар химия ва тиб истифода бурдан мумкин аст, ки дар он ҳалқаи 1,4 – диоксан барои синтези намунаҳои душворҳосилшаванда истифода бурда мешавад.

Калимаҳои калидй: 1,4-бензодиоксан, гармӣ, ҳарорат, часпакӣ, зичӣ, модел.