ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ТЕХНОЛОГИЯИ КИМИЁВӢ

Абулҳаев Владимир Ҷалолович, Назарзода Хaйрулло Холназар, Раҳимов Хуршед Абдуллоевич 

Аннотатсия: 

Хӯлаҳо ва пайвастагиҳои элементҳои нодирзаминӣ (ЭНЗ) дар саноатҳои радиотехникӣ, электронӣ, таҷҳизотсозӣ, мошинасозӣ, шишасозӣ, авиатсионӣ, химиявӣ, металлургӣ, электровакуумӣ ва ва дигар соҳаҳои саноат васеъ истифода бурда мешаванд. Дар солҳои охир таҳқиқотҳои илмӣ оиди истеҳсоли масолеҳҳои нави магнитӣ дар асоси ЭНЗ ба монанди Gd, Tb ва Dy рушд ёфта истодааст. Ин маводҳо нисбат ба компонентҳои аввалия хосияҳои махсусан баланди магнитиро зоҳир менамоянд.

Калидвожаҳо: хӯлаҳо ва пайвастагиҳои (ЭНЗ), синтез, кристаллохимия, хосиятҳои магнитӣ, ҳарорати парамагнитии Кюрӣ, антимонидҳо и компонентҳо.