Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна, Гадоев Тоҷиддин Ҳусниддинович
Аннотатсия:
Дар корҳои анҷомдодашуда, хусусиятҳои каталитикии катализаторҳои оҳануоксидии модификатсияи вюстити оҳан дар синтези раванди гетерогении аммиак (NH₃) ому хта шудаанд. Таъсири промоторҳои сохтори ва фаъолкунанда (Al₂O₃, K₂O) ва иловаи CoO ба масоҳати махсус, константаи суръати реаксия ва фаъолияти каталитикии махсуси катализаторҳо мавриди таҳлил қарор гирифт. Муайян карда шуд, ки миқдори оптималии Al₂O₃ ва K₂O мутаносибан 15 мас.% ва 5 мас.% аст, дар ҳоле ки иловаи CoO дар миқдори ~5 мас.% баландтарин фаъолияти катализаторро таъмин менамояд. Муайян карда шуд, ки ҳарорати оптималии раванди Габер-Бош бо истифодаи катализатори мазкур тақрибан 450 °C мебошад.
Калимаҳои калидӣ: катализатор, вюстит, аммиак, промоторҳо, фаъолияти каталитикӣ, масоҳати махсус, синтези пастҳароратӣ

