Мирзозода Фарход Баходур, Азим Иброхим
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои тадқиқоти хосиятҳои деформатсионӣ ва мустаҳкамии партовҳои силикатии резакардашуда, ки пас аз коркарди комплексии минерали мусковити кони Курговати Тоҷикистон ба даст омадаанд, оварда шудаанд. Дар асоси маълумоти компрессионии бадастомада фишурдашавии муътадили материал муайян карда шуд. Деформатсияи пурраи амудӣ ҳангоми фишори максималии 0,30 МПа 0,76 мм (3,04 % аз баландии аввалаи намуна)-ро ташкил дод. Нишасти бошиддат дар зинаҳои аввали боргузорӣ бо сабаби азнавҷойгиршавӣ ва самти мувозии пулакчаҳои лавҳашакли слюда ба амал омадааст. Дар рафти озмоишҳои лағзиш афзоиши қонунии муқовимат ба лағзиш ҳангоми зиёд шудани фишори нормалӣ аз 0,10 то 0,30 МПа ба қайд гирифта шуд. Вобастагии хаттии мустаҳкамӣ сохта шуд, ки тавассути он параметрҳои асосии механикии системаи дисперсии тадқиқшаванда муайян карда шуданд: часпиши хоси омехта 0,02 МПа ва кунҷи соиши дохилӣ ба 32° баробар шуд. Нишон дода шудааст, ки набудани алоқаҳои сахти сементатсионӣ дар байни зарраҳои резакардашуда боиси деформатсияи баланд ва мустаҳкамии муътадили омехта ба лағзиш мегардад.
Калидвожаҳо: минерали мусковит ва партовҳои силикатӣ, системаи АСИС, озмоишҳои компрессионӣ, лағзиши яктекстура ва деформатсия, технологияҳои бепартов.

