Саломов Фирдавс Ҷабборович, Исломова Муқаддам Саъдуллоевна, Бадалова Мамлакат Абдухайровна, Рузматова Гулноз Камоловна
Аннотатсия:
Бо усулҳои термогравиметрияи деривативӣ (ДТГ) ва тензиметрия бо нул-манометри мембрана муайян карда шудааст, ки раванди дегидрататсияи кристаллогидратҳои торий ((IV) ва уранил зина ба зина мегузарад: Th(NO3)45H2O ΔТ= 300-325K→Th(NO3)44H2O ΔТ= 330-350 K→ Th(NO3)43H2O ΔТ= 350-390K→ Th(NO3)4H2O ΔТ= 400-425K→ Th(NO3)4 → ThO2 + NO +3NO2 + 3/2О2; UО2SО43,5H2О ΔТ= 325-370K→ UО2SО42,5H2О ΔТ= 380-420K→ UО2SО4 ва раванди таназзули гармӣ UО2SО4 ΔТ= 480-710K→ UО3 + SО3; UO2(CH3COO)22H2O ΔТ=320-350K→ UO2(CH3COO)21.5H2O ΔТ=350-380K→ UO2(CH3COO)2. Дараҷаи минбаъда, ки дар фосилаи ҳарорат (370-392) ба таназзули уранилацетат мувофиқат мекунад. Ҳарорат оғози марҳилаҳои равандҳое, ки дар шароити мувозинат (бо усули тензиметрия) муайян карда шудаанд, дар минтақаи ҳарорати пасттар (ба 50-70 дараҷа) нисбат ба маълумоти ДТГ кӯчонида шудаанд. Таҳлили муқоисавии устувории гармӣ, хусусиятҳои зинаҳои равандҳои дегидрататсияи кристаллогидратҳо ва намакҳои торий ((IV) ва уранил гузаронида шудааст.
Калидвожаҳо: кристаллогидратҳои нитрати торий ((IV), сульфат ва ацетати уранил, дегидрататсия, вайроншавии гармӣ, мувозинат.

