Ғаниев Изатулло Наврузович, Музафаров Хусрав Давляталиевич, Исмонов Рустам Довудович, Хоҷаназаров Хайрулло Маҳмудхонович
Аннотатсия:
Дар мақола микросохтор ва хосиятҳои механикии баббити қалъагӣ Б83 бо иловаи таллий таҳқиқ карда шудааст. Баббити қалъагӣ Б83 хӯлаи асосан қалъагӣ (Sn) буда, одатан дорои сурма (Sb) ва мис (Cu) мебошад ва барои милдонҳои лағжишӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ворид намудани таллий (Tl) ҳамчун унсури ҷавҳароникунанда ба тағйирёбии таркиби фазавӣ ва сохтори дохилии моддаи ҷузъҳои сахт дар заминаи мулоими баббити қалъагӣ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои таҳқиқоти металлографӣ нишон медиҳанд, ки дар сохтори ибтидоии баббити қалъагӣ Б83 фазаҳои сахти интерметаллидии навъи SnSb ва Cu6Sn5 дар матритсаи α-Sn паҳн шудаанд. Иловаи таллий ба майдашавии донаҳо, якхелашавии тақсимоти фазаҳои сахт ва коҳиши андозаи онҳо оварда мерасонад. Бо иловаи таллий беҳтар гардидани қобилияти борбардорӣ ва баландшавии устувории сохторӣ баббити қалъагӣ Б83 мусоидат менамояд. Таҳқиқотҳои механикӣ нишон медиҳанд, ки бо зиёд намудани миқдори оптималии таллий сахтӣ ва устувории фарсудашавӣ меафзояд, дар ҳоле ки пластикӣ дар ҳадди қобили қабул нигоҳ дошта мешавад. Инчунин, коҳиш додани ташаккули тарқишҳои микроскопӣ дар сарҳадҳои донагӣ мушоҳида карда мешавад, ки ба муҳлати зиёд истифода бурдани милдонҳо таъсири мусбат мерасонад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҷавҳаронии баббити қалъагӣ Б83 бо иловаи оптималии таллий боиси такмилёбии микросохтор ва беҳтар шудани хосиятҳои механикӣ гардида, барои истифодаи суръатҳои баланд ва борҳои зиёд тавсия дода мешавад.
Калимаҳои калидӣ:. баббити қалъагӣ Б83; таллий; микросохтор; фазаҳои интерметаллидӣ; α-Sn матритса; SnSb; Cu6Sn5 майдашавии донаҳо; сахтӣ; устувории фарсудашавӣ; хосиятҳои механикӣ; милдонҳои лағжишӣ.

