Ғаниев Изатулло Наврӯзович, Саидов Саидхоҷа Саймуродович, Маҳмадизода Муродалӣ Махмадӣ, Оқилов Шаҳром Шукурбоевич, Идиев Идихуҷа Шарифович
Аннотатсия:
Рафтори электрохимиявии баббити қалъагӣ SnSb11Cu6, ки бо литий ҷавҳаронида карда шудааст, бо усули поляризатсияи потенсиостатикӣ ҳангоми суръати 2 мВ/с дар маҳлули NaCl тадқиқ карда шуд. Муайян карда шудааст, ки афзоиши консентратсияи литий потенсиали зангзании озод, инчунин потенсиали репассиватсия ва питтингшавии хӯларо ба самти мусбат мегузаронад. Ҳангоми зиёд шудани миқдори ионҳои хлорид дар маҳлул ба самти манфӣ гузаронидани потенсиалҳои зикршуда мушоҳида мешавад. Истифодаи литий суръати зангзании баббити қалъагӣ SnSb11Cu6-ро дар муҳити маҳлули NaCl 15% коҳиш медиҳад.
Калидвожаҳо: баббити қалъагӣ SnSb11Cu6; литий, усули потенсиостатикӣ; маҳлули NaCl; потенсиали зангзанӣ; потенсиали питтинг; суръати зангзанӣ.

