Ҳайдаров Муҳсинҷон Умаралиевич, Черенда Николай Николаевич, Оқилов Эминҷон Эркинович
Аннотатсия:
Дар доираи ин тадқиқот параметрҳое, ба монанди коэффисиенти соиш ва ноҳамвории сатҳ барои рӯпӯшҳои мисӣ, ки дар зерқабати оксиди алюминий (Al2O3) таҳти таъсири ҷараёнҳои эрозионии плазмавӣ (ҶЭП) ташаккул ёфтаанд, омӯхта шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҷараёни тавлиди ҷараёни плазма эрозияи электродҳои мисӣ ба амал меояд, ки дар натиҷа маводи онҳо интиқол ёфта, дар зерқабат таҳшин мешавад ва рӯпӯшро ба вуҷуд меорад. Нишон дода шудааст, ки таҳшиншавии рӯпӯшҳои мисӣ боиси тағйирёбии параметрҳои ноҳамворӣ ва мавҷнокии сатҳ ва мувофиқан, коэффисиенти соиш мегардад».
Калидвожаҳо: ҷараёнҳои плазмавии эрозӣ, ноҳамворӣ, электрод, мавҷнокӣ, баландии нобаробарии профил, сафол, алюминий, соиш, фарсудашавӣ, лағжиш, рӯйпӯшкунӣ.

