ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

МЕТАЛЛУРГИЯ ВА МАВОДШИНОСӢ

Ҷураев Тухтасун Ҷураевич, Газизова Эльвира Рашитовна, Иззаутуллоев Мубориз Акрамхонович

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур натиҷаҳои пешгӯии фаъолнокии каталитикии элементҳои химиявӣ дар асоси татбиқи қонунҳои ҷадвали даврии Д.И. Менделеев ва назарияи кристаллохимиявии ирсият дар табиати ғайриорганикӣ оварда шудаанд. Муайян гардид, ки рақами тартибӣ, ҷойгиршавии элементи химиявӣ дар Системаи даврии Д.И. Менделеев ва мавҷудияти коди генетикии мувофиқ имкон медиҳанд фаъолнокии каталитикии пайвастагиҳои дучандаи он пешгӯӣ карда шавад. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада як қатор меъёрҳо муайян карда шуданд, ки интихоби моддаҳои катализаторро барои татбиқ дар соҳаҳои гуногуни саноат осон мегардонанд. Ин ба муаллифон имкон дод, ки таркиби зиёда аз чор ҳазор пайвастагиҳоро пешниҳод намоянд, ки бояд фаъолнокии каталитикӣ нишон диҳанд.

Калидвожаҳо: элементҳои химиявӣ, рақами тартибӣ, элементҳои системаи даврии Д.И. Менделеев, давр, гуруҳ, зергуруҳ, пешгӯии фаъолнокии каталитикӣ, монандиҳои амудӣ, уфуқи ва диагоналии элементҳо.