ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Хуҷасаидов Ҷаҳонгир Хуҷасаидович, 

Аннотатсия: 

Мақола ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикии инфрасохтори шабакаҳои алоқа мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Бо назардошти релефи мураккаби кӯҳӣ, норасоии мавсимии таъминоти барқ ва сатҳи баланди шуоъпартоии офтоб(инсолятсия). Муаллифон таҳлили системавии имкониятҳои татбиқи нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ (НБОф) дар схемаҳои гибридии электротаъминкунии истгоҳҳои асосӣ (БС) анҷом додааст. Инчунин, самаранокии таркибии панелҳои офтобӣ, системаҳои захиракунии энергия ва генераторҳои дизелӣ ҳамчун ҳалли устувор барои минтақаҳои баландкӯҳ, бо назардошти норасоии мавсимии таъминоти барқ, таҳлил карда шудааст. Инчунин, меъёрҳои баҳодиҳии эътимоднокӣ ва усули минтақабандии қаламрав барои интихоби конфигуратсияҳои оптималӣ таҳия шудаанд. Тавсияҳо оид ба беҳтар кардани равандҳои интегратсия пешниҳод карда шудаанд.

Калидвожаҳо: неругоҳи барқи офтобӣ, инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, системаи гибридии таъминоти барқ, истгоҳҳои асосӣ, минтақаҳои кӯҳӣ, системаи нигоҳдории энергия, генератори дизелӣ.