ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Раҳимзода Ҷамшед Бобомурод, Муқимова Наргис Рустамовна, Умарализода Юсуф Маҳмадалӣ, Шарипов Эркин Курбонович, 

Аннотатсия: 

Ба истифода додани объектҳои нави истеҳсоли тавоноӣ, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар системаи электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон (СЭЭ ҶТ) эътимоднокии таъминоти барқи истеъмолкунандагонро баланд бардошта, барои рушди корхонаҳои нави истеҳсолӣ шароит фароҳам меорад, ки ин ба рушди некуаҳволии аҳолӣ ва дар умум ба иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, васеъшавии СЭЭ бо афзоиши қонунии сатҳи ҷараёнҳои расиши кӯтоҳ (РК) дар шабакаҳои шиддаташон гуногун мувофиқ мебошад, ки ин хатари воқеии номутобиқатии параметрҳои таҷҳизоти электротехникии амалкунандаро ба сатҳҳои нави ҷараёнҳои РК ҳисобӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин кор, қиматҳои ибтидоии ташкилдиҳандаҳои даврии ҷараёнҳои РК якфаза ва сефаза дар шабакаҳои барқии 110, 220 ва 500 кВ-и СЭЭ ҶТ ҳисоб карда шудаанд. Дар асоси қиматҳои бадастомада, нишондиҳандаҳои ниҳоии қобилияти қатъкунии васлакҳо дар ҳамаи гиреҳҳо муайян карда шуданд. Зеристгоҳҳое муайян карда шуданд, ки дар онҳо қиматҳои ҷараёнҳои РК ҳисобӣ аз ҷараёнҳои номиналии қатъкунии васлакҳо зиёд мебошанд. Таҳлили муқоисавии техникӣ-иқтисодии се варианти ҳалли ин мушкилот гузаронида шуд: насби реакторҳои ҷараёнмаҳдудкунанда, иваз кардани васлакҳо бо васлакҳои муосири элегазӣ (SF6) ва нигоҳ доштани схемаи амалкунанда бидуни тағйирот. Муайян карда шуд, ки самараи бештари иқтисодиро ивази пурраи васлакҳои равғанбӣ бо элегазӣ таъмин менамояд, дар ҳоле ки аз рӯи хароҷоти асосӣ усули тақсимоти статсионарии шабака аз ҳама сарфакорона мебошад. Самаранокии иқтисодии истифодаи тақсимоти статсионарии шабака ҳамчун усули маҳдуд кардани ҷараёнҳои РК дар СЭЭ рушдёбандаи ҶТ асоснок карда шудааст.

Калидвожаҳо: ҷараёни расиши кӯтоҳ, системаи электроэнергетикӣ, барқхомӯшкунакҳои баландшиддат, қобилияти хомӯшкунӣ, ҳисоби техникию иқтисодӣ, тақсимоти стационарии шабака.