Ҷалилов Рустам Абдуҳамидович,
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаҳои тақсимоти иқтидри актив байни генератори бодӣ бо танзими кунҷи гардиши паррачархҳо ва дизел-генератор, ки ба таври параллелӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми тағйир ёфтани иқтидори бор баррасӣ шудаанд. Нишон дода шудааст, ки ҳангоми баробар будани иқтидорҳои генератори бодӣ ва дизел-генератор, ҳангоми аз арзиши ҳисобшуда зиёд будани суръати шамол, танҳо каме коҳиш додани иқтидори бор имконпазир аст. Агар истеъмолкунандагони энергия ба басомади шиддати барқ талаботи сахт надошта бошанд, бо тағйир додани қиёсаки басомади гардиши дизел метавон баҷоизи ҳаддии коҳиши бештари бор ноил шуд. Муайян карда шудааст, ки шароити кори параллелии агрегатҳои бодӣ ва дизел-генераторҳоро (бе дарназардошти нишондиҳандаи иқтисодӣ) ҳангоми зиёд шудани иқтидори насбшудаи дизел-генераторҳо беҳтар кардан мумкин аст. Зиёд шудани ҳиссаи иқтидори насбшудаи дизелгенераторҳо на танҳо ҳудуди суръатҳои ҳаддии шамолро васеъ мекунад, балки инчунин ба лппишҳои назарраси бор имконият медиҳад.
Калидвожаҳо: агрегати бодӣ, тавсифоти статикӣ, бор, кори параллелӣ, иқтидор, бор, тақсимот.

