ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Ҳабибуллозода Зикрулло Ҳабибулло,  Ҷӯразода Шоҳин Ҷӯра,  Исмоилов Саидҷон Туронович,  Ҷаборов Манучеҳр Камолович

Аннотатсия: 

Мақола ба масъалаи муҳими оптимизатсияи ҷойгиркунии дастгоҳҳои ҷубронкунанда дар шабакаҳои электрикии дорои бори ғайрихаттӣ бахшида шудааст. Ҳангоми оптимизатсия диққати махсус ба кам намудани хавфҳои ба вуҷуд омадани резонанси гармоникӣ ҳангоми насби дастгоҳҳои ҷубронкунанда дода шудааст. Равиши ҳамаҷониба барои ҳисоби зариби пешгӯикунии пайдоиши резонанс бо истифода аз алгоритмҳои метаэвристикӣ пешниҳод шудааст. Дар мисоли қисми ҷанубии системаи электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти муқоисавии самаранокии се алгоритм: усули тӯдаи зарраҳо, усули гургҳои хокистарӣ ва усули тӯдаи салпҳо гузаронида шуд. Натиҷаҳои моделсозӣ бартарии алгоритми усули тӯдаи салпҳоро тасдиқ карданд, ки наздикшавии устуворро таъмин намуда, имкон дод, ки талафоти тавоноӣ 16,9 % кам карда шавад ва сатҳи шиддат дар гиреҳҳои нақшаи тадқиқшаванда то 99,1 % аз шиддати номиналӣ баланд бароварда шавад. Дар ин сурат маҳдудиятҳо вобаста ба эҳтимоли ба вуҷуд омадани резонанс қатъиян риоя карда шуданд.

Калидвожаҳо: алгоритмҳои метаэвристикӣ, дастгоҳи ҷубронкунанда, усули тӯдаи салпҳо, резонанс, талафоти тавоноӣ, шиддат.