ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Қирғизов Алифбек Қирғизович

Аннотатсия: 

Дар ин мақола масъалаҳои калидии сохтани комплекси энергетикии гибридӣ, ки бо истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар асос ёфтаанд, баррасӣ мешаванд. Аз сабаби пешгӯинашаванда будани истеҳсоли электроэнергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус офтоб ва шамол, нигоҳ доштани тавозуни нерӯи барқ ва басомад ҳангоми сохтани комплекси энергетикии гибридӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар айни замон, роҳҳои зиёди нигоҳ доштани тавозуни нерӯи барқ дар комплекси энергетики бо манъбаҳои барқароршавандаи энергеия мавҷуданд. Дар ин мақола усули нигоҳ доштани тавозуни нерӯи барқ ва танзими басомад бо истифода аз ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва нигоҳдории энергияи магнитии фавқулноқилӣ баррасӣ мешавад. Истифодаи нигоҳдории энергияи магнитии фавқуноқилӣ имкон медиҳад, ки басомад тезтар танзим карда мешавад то мавриде, ки аз ҷониби генераторҳои нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ (SHPP) нигоҳдории басомад таъмин карда шавад.

Калидвожаҳо: комплекси энергетикӣ, ҳавзи танзими шабонарӯзӣ, энергия, офтоб, басомад, тавозун, захира, потенсиал, манбаъҳо.