ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Бумтсэнд Уянгасайхан, Аҳьёев Ҷавод Саламшоевич, Хишигбаяр Идэр, Далай Амарбаясгалан

Аннотатсия: 

Дар ин мақола таҳлили ҳамаҷонибаи шароити кории доимии шабакаи барқии 110 кВ «Дархан–Бугант» дар доираи Системаи марказии барқии Муғулистон пешниҳод шуда, самаранокии муосиргардонии техникии он арзёбӣ мешавад. Бо истифода аз барномаи комплексии DIgSILENT PowerFactory сатҳҳои шиддат, ки то 1,117 маротиба аз арзиши номиналӣ зиёд буданд, муайян карда шуданд. Барои устуворсозии параметрҳо насби реакторҳои шунти дар зеристгоҳҳои шакба пешниҳод мешавад. Татбиқи ва ҳалли ин масъала имкон медиҳад, ки талафоти шиддат то 4% коҳиш ёбад, талафоти техникӣ ҳадди ақал расонида шавад ва устувории кори шабака таъмин гардад. Натиҷаҳо имконпазирии техникӣ ва иқтисодии чораҳои пешниҳодшударо тасдиқ мекунанд.

Калидвожаҳо: шиддат, тавоноии реактивӣ, шабака, таҳлил, реҷа