Абдуллозода Рамазон Толибҷон
Аннотатсия:
Мақола ба арзёбии нишондиҳандаҳои эътимоднокии кори ҳимояи релеӣ аз расишҳои якфаза ба замин дар шабакаҳои барқии шиддати 6–10 кВ бахшида шудааст. Ҳамчун объекти тадқиқот хатҳои баромадии зеристгоҳҳои «Мироб» 35/6 кВ ва «Ҳамадонӣ» 35/10 кВ интихоб гардиданд, ки дар тавозуни Филиали ҶСК «Шабакаҳои барқии тақсимотӣ»-и шаҳри Кӯлоб қарор доранд. Маълумоти омории панҷсола аз ҳуҷҷатҳои дастнависшуда - журналҳои амалиётии зеристгоҳҳои мазкур гирифта шудааст. Дурустии маълумот бо он тасдиқ мегардад, ки журналҳо дӯхта, рақамгузорӣ шуда ва бо имзои шахсони масъул ва мӯҳри муассиса тасдиқ шудаанд. Дар ин замина нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шуданд: миқдори кори дурусти ҳимояҳо, миқдори умумии расишҳои якфаза ба замин, миқдори бакордароии иштибоҳӣ ва ҳолатҳои азкормонии ҳимояҳо. Дар ҷараёни тадқиқот бо истифода аз методикаҳои амалкунанда ҳисобкунии эътимоднокии кори дуруст ва нодуруст, инчунин эҳтимолияти кори ҳимояҳои баррасишаванда иҷро гардид. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ҳимояҳои дорои эътимодияти кам, инчунин ҳимояҳое, ки эҳтимолияти баланди кори устувор доранд, муайян карда шуданд.
Калидвожаҳо: расиши якфаза ба замин, интихобият, эътимодият, эҳтимолияти азкормонӣ, бакордароии иштибоҳии ҳимоя

