Маҳмадиев Усмоналӣ Муродалиевич
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои тадқиқоти ададии шаклтағйирии призмҳои бетонӣ ҳангоми боргузории статикӣ пешниҳод шудааст. Дар асоси маълумоти тадқиқоти таҷрибавӣ вобастагии полиномиалии миёнакардашуда сохта шуда, диаграммаи шаклтағйирии бетонро тавсиф менамояд. Бо истифода аз функсияи аппроксиматсионии ҳосилшуда ҷадвали қиматҳои шиддатҳо ва деформатсияҳои нисбии мувофиқ тартиб дода шуд, ки барои таъини қонуни шаклтағйирии бетон дар барномаи компютерии ЛИРА-САПР 2022 дар шакли вобастагии порчагӣ-хаттӣ (қонуни 14) истифода гардид. Моделсозии ададии призмаи бетонӣ бо истифода аз унсурҳои ниҳоии ҳаҷмӣ бо дарназардошти хосияти физикии ғайрихатии масолеҳ ва татбиқи марҳила ба марҳила гузоштани бор иҷро гардидааст. Натиҷаҳои моделсозии ададӣ бо маълумотҳои таҷрибавӣ муқоисаи карда шуд, ки мувофиқати қаноатбахши вобастагиҳои ҳосилшудаи «шиддат- шаклтағйирӣ»-ро нишон дод.
Калидвожаҳо: бетон, призмаи бетонӣ, диаграммаи шаклтағйирӣ, аппроксиматсияи полиномиалӣ, моделсозии ададӣ, усули унсурҳои ниҳоӣ, вобастагии порчагӣ-хаттӣ. APPLICATION OF NONLINEAR LAW OF CONC

