ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Акрамов Авазҷон Абдуллоевич, Абдуғаниев Абдумаҷид Мамасодиқович, Якубов Алиҷон Ойхамадович

Аннотатсия: 

Мӯҳлати хизматии бетонро бо роҳи дуруст муайян намудани хусусиятҳои конструктивӣ, интихоб намудани компонентҳои ибтидоӣ, хисоби дақиқи таркиби хамираи бетонӣ бо назардошти нишондихандахои истифодабарандаи он, риоя намудани мархалаҳои технологӣ — аз истеҳсоли он то монтаж, зичкунӣ ва таъмини нигохубинии дуруст дар давраи сахтшавӣ, хеле зиёд кардан мумкин аст. Маслиҳатҳои амалӣ барои ноил шудан ба самаранокии ҳадди аксар дар ҳар яке аз ин марҳилаҳо пешниҳод карда мешаванд. Таъкид карда мешавад, ки муқовимати мавод ба шикастан мутаносибан ба коҳиши гузариши он меафзояд, ки ин бештар аз сатҳи ковокии кушод ва диаметри миёнаи сӯрохҳо вобаста аст.

Калидвожаҳо: дарозмӯҳлатӣ, хамираи бетонӣ, ковокӣ, хунуки тобоварӣ, обнагузаронӣ, бетон, семент, гидрататсия.