Қаландаров Диловаршоҳ Файзуддинович
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур муносибати муосири лоиҳакашии конструксияҳои иҳотадевории берунаи энергиясамаранокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Диққати асосӣ дар ин маврид ба таҳлили тавсифоти гармотехникӣ, хусусиятҳои ҳалли конструктивӣ, интихоби масолеҳи гармимуҳофизӣ ва коҳишёбии талафоти гармӣ дода шудааст. Принсипҳои пешниҳодгардидаи бунёди деворҳои берунаи иҳотавии бисёрқабата, дар асоси баназаргирии шароитҳои иқлимии маҳал, меъёру қоидаҳои амалкунанда ва талаботи рушди устувори сохтмон таҳия карда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқот муҳимияти муккамалсозии системаҳои иҳотадевории берунаи биноҳоро, бо мақсади афзоиш додани энергиясамаранокии умумии онҳо ва коҳиш додани хароҷоти истифодабарӣ исбот менамоянд.
Калидвожаҳо: конструксияҳо, энергиясамаранокӣ, гармимуҳофизӣ, истеъмоли энергия, сохторҳои муҳофизатӣ, иҳотадеворҳо, бисёрқабата.

