Акрамов Авазҷон Абдуллоевич
Аннотатсия:
Корҳое, ки вобастагии фаъолияти клинкерро аз дараҷаи суфташавӣ ва таркиби минералогӣ ошкор мекунанд, нишон медиҳанд, ки дар ҳолати доимии оташзанӣ ва хунуккунӣ дар хати истеҳсолӣ дар муддати муайян сохтори маводро тақрибан устувор қабул кардан мумкин аст. Дар ин тадқиқот таъсири хусусиятҳои структуравии клинкери портландсементи ба фаъолияти он таҳлил карда шудаанд, ки маълумот дар бораи онҳо ҳангоми омузиши маъданҳои асосии клинкер ба даст оварда шудааст. Таҳлили шаш шакли полиморфии алит бо муайян намудани параметрҳои торҳои кристаллӣ имкон доданд, ки порчаҳои характерноки шаклҳои дифраксияи рентгенӣ муайян карда шаванд, ки барои шинохтани модификатсияҳои гуногуни полиморфии ин минерал имкон медиҳанд.
Калидвожаҳо: алит, клинкер, таркиби минералогӣ, таҳлили фазаҳои рентгенӣ, усули таҳлили петрографӣ, ҳосилшавии минералҳо, кристаллҳо.

