ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Рахматуллозода Шахноз Ибодулло, Мирзокаримов Давлатшо Шодиевич, Гиёсов Мехрубон Рахматуллоевич

Аннотатсия: 

Дар мақола хусусиятҳои сохтори банақшагирӣ ва симои меъмории шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисоли ноҳияи Файзобод баррасӣ мешаванд. Таъсири рушди таърихӣ ва шароити табиӣиқлимӣ ба ташаккули муҳити бинокорӣ, инчунин масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамгироии усулҳои анъанавии меъморӣ дар таҷрибаи муосири шаҳрсозӣ таҳлил мегарданд.

Калидвожаҳо: меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтори банақшагирӣ, ноҳияи Файзобод, шароити иқлимӣ, мероси фарҳангӣ