ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Усмонов Шӯҳрат Заурович

Аннотатсия: 

Дар кори мазкур равишҳои тарҳрезии энергиясамаранок ва устувори биноҳои истиқоматӣ дар шароити минтақаҳои гуногуни иқлимии Тоҷикистон бар асоси консепсияи бинои ғайрифаъол мавриди баррасӣ қарор мегирад. Таҳлили хусусиятҳои иқлимии кишвар ва таъсири онҳо ба талаботи ҳифзи гармӣ дар бино оварда мешавад. Ҳаллҳои меъморӣ ва конструктивии бинои ғайрифаъол аз ҷумла: пурқувват намудани гармимаҳдудкуни конструксияҳои иҳотавӣ, бартарафсозии “пулҳои гармигузар”, самтгирии оптималӣ ва шакли ихчамии бино истифодаи тирезаҳои каммасраф ва системаҳои сояафкории офтобӣ тавсиф ёфтаанд. Системаҳои муҳандисии бинои ғайрифаъол — ҳавоивазкунии мутавозин бо рекуператсияи гармӣ, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия — ва мутобиқшавии онҳо ба шароити маҳаллӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ба масъалаи истифодаи масолеҳҳои сохтмонии маҳаллӣ барои коҳиш додани изи карбон ва баланд бардоштани устувории сохтмон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Таҳлили муқоисавии техникию иқтисодии байни биноҳои ғайрифаъол ва анъанавӣ нишон медиҳад, ки бинои ғайрифаъол метавонанд истеъмоли энергияро барои гармидиҳӣ то 70–90 % коҳиш диҳанд, дар ҳоле ки хароҷоти аввалия танҳо ба таври мӯътадил афзоиш меёбад. Намунаҳои лоиҳаҳои амалишуда дар самти сохтмони энергиясамаранокӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ оварда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки консепсияи бинои ғайрифаъол, ки ба шароити иқлимии экстремалии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст, имкон медиҳад самаранокии энергия ва устувории сохтмони манзил ба таври назаррас баланд бардошта шуда, микроиқлими мусоид бо истеъмоли ҳадди ақали энергия таъмин карда шавад.

Калимаҳои калидӣ: бинои ғайрифаъол, энергосамаранок, сохтмони устувор, биноҳои истиқоматӣ, муҳофизати гармӣ, вентилятсия бо барқароркунии гармӣ, Тоҷикистон.