ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Давлатов Далер Назуллоевич, Раҳматзода Комрон Раҳмат, Якубов Алиҷон Ойҳамадович, Марзбоншоҳи Саидаҳмад 

Аннотатсия: 

Мақола ба таҷдиди таҳкурсиҳои тасмагӣ-мехсутунӣ бо боэътимодии конструксияҳои омехта бахшида шудааст. Дар он ҷанбаҳои калидӣ баррасӣ карда мешаванд, аз қабили асосноккунии ин гуна усули мустаҳкамкунӣ то тавсифи муфассали марҳилаҳои кор бо истифода аз зичкунии пешакӣ ва сементкунонӣ. Диққати махсус ба он равона карда мешавад, ки чӣ гуна унсурҳои мустаҳкамшуда бо хоки асос кор мекунанд. Зичкунии пешакӣ ҳамчун усули фаъоли фишурдани хокҳои ҳамшафат ва зеризаминӣ амал карда, дар зери тасма “болишти пешакӣ боршуда” қувваҳои соишро дар атрофи сатҳи паҳлуии мехсутунҳо зиёд мекунад. Истифодаи иловагии сементкунонӣ барои барқарорсозӣ ва баланд бардоштани мустаҳкамии минтақаҳои хоки суст ё қабатҳои суст равона шудааст. Таҳқиқот муфассал шарҳ медиҳад, ки аксар вақт зичкунии пешакӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои инъексионӣ (сементкунонӣ) барои барқарорсозии қабатҳои ноустувор, боиси аз нав тақсим шудани шиддатҳо ва афзоиши модулҳои деформатсия дар қисмати хоки суст мегардад.

Калимаҳои калидӣ: мустаҳкамкунии таҳкурсиҳо, асосҳои омехта, зичкунӣ, сементкунонии хок, азнавсозӣ, қобилияти борбардорӣ.