ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Қаландаров Диловаршоҳ Файзуддинович, Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич, Раҳматзода Комрон Раҳматович, Раҷабов Соҳибҷон Умаралиевич 

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур қайд мегардад, ки синфбандии энергиясамаранокии биноҳои шаҳрвандӣ, дар қатори дигар намуди биноҳои дар ҳудуди кишвар сохташаванда, ҳанӯз дар марҳилаи аввали лоиҳакашӣ муқаррар гардида, дар марҳилаи дуюми раванди сохтмон ба мутобиқати ҳалли тарҳию ҳаҷмӣ ва конструктивӣ бо лоиҳаи тасдиқшуда таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва дар истифодабарии онҳо нишондиҳандаҳои воқеии дастрасшуда бо нишондиҳандаҳои меъёриву назарявӣ муқоиса карда мешаванд. Ҳамзамон зикр гардидааст, ки шароитиҳои иқлимиву табии маҳали сохтмон яке аз омилҳои калидиест, ки бевосита ба ҳалли меъмориву сохтмонӣ ва сатҳи истеъмоли энергия аз ҷониби биноҳо ва иншоот таъсир мерасонанд.

Калидвожаҳо: биноҳо ва иншоот, гармкунӣ, ҳавотозакунӣ, самаранокии энергия, муҳити меъморӣ, табиӣ, истеъмоли энергия, гармимуҳофизӣ.