ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Сайраҳмонов Раҳимҷон Ҳусейнович, Муминов Абдуҳаким Каримович, Ҳасан Маҳмадиёр Боқимаҳмад, Раҳматзода Алишер Сунат

Аннотатсия: 

Дар ин мақола бартариҳои рӯйпӯшҳои сементубетонӣ дар муқоиса бо рӯйпӯшҳои асфалтубетонӣ дар шароити истифодабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Муайян гардидааст, ки монеаҳои асосии ҷорикунии васеи рӯйпӯшҳои сементубетонӣ дар Тоҷикистон нархи баланди семент, норасоии таҷҳизоти техникӣ ва мавҷуд набудани заминаи меъёрии мутобиқшуда мебошанд. Ҳалли ин мушкилот метавонад истифодаи сементҳои модификатсияшуда бо иловагиҳои минераливу кимиёвӣ, инчунин истифодаи захираҳои табиӣ ва саноатии маҳаллӣ бошад. Нишон дода шудааст, ки истифодаи иловагиҳои модификатсиякунандаи дорои вазифаҳои гуногун, аз қабили волластонит, хокистарунос, лигносулфонат ва экстракти пахта, имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои истифодабарии системаҳои сементӣ ба таври назаррас беҳтар карда шаванд: мустаҳкамӣ, тобоварӣ ба сардӣ, кафидан ва обногузарӣ афзоиш ёфта, масрафи семент ва арзиши аслии омехтаҳои бетонӣ коҳиш дода шавад. Инчунин, қайд шудааст, ки мушкилоти муосири мустаҳкамӣ ва давомнокии бетони роҳ ба ковокӣ, нишаст (усадка), агрессияи сулфатӣ ва давраҳои яхкунӣ вобастаанд. Ҳалли ин мушкилот муносибати маҷмӯиро талаб мекунад: оптимизатсияи таркиб, истифодаи иловагиҳои самаранок, технологияи дурусти хобондан ва назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳо.

Калидвожаҳо: семент, бетони баландмустаҳкам, иловагӣ, пластификатор, омехтаи бетонӣ, волластонит, хокистар, мустаҳкамӣ, тобоварӣ ба коррозия.