ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат

Аннотатсия: 

Дар ин мақола раванди ташаккул ва рушди меъморӣ бо санъати монументалию ороишӣ на ҳамчун як падидаи ҷудогона, балки ҳамчун гузариши эволютсионӣ аз шаклҳои алоҳида ба ҳамгироии наздиктари онҳо баррасӣ мешавад, ки онро синтези санъат меноманд.Таҳлили таҳаввули меъморӣ ва санъати амалии Осиёи Марказӣ мавҷудияти хусусиятҳои умумиро ошкор мекунад, ки онхоро дар давраҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, монанди ягонагии шаклу композитсия дар иншоотҳои меъморӣ, нақшу нигори якхелаи ороишӣ (масалан, ороиши наботот, нақшу нигори геометрӣ) на ҳамеша аз тарафи як шахс дар як ҷо ва дар як вақт, аз ҷумла меъмор ва рассом офарида мешуд. Меъмории мардумии Тоҷикистон дар асрҳои XIX— ибтидои асрҳои XX ҳамчун инкишофи табиии мактаби меъмории маҳаллӣ, ки решаҳои амиқи чандинасра ва таърихи бой дорад, ошкор гардид.

Калидвожаҳо: меъморӣ, меъмории мардумӣ, синтез, санъат, муҳити меъморӣ, санъати монументалӣ, релефи ороишӣ, кандакории чӯб, нақшҳои геометрӣ, нақшҳои ороишӣ, давра, сохтмон.