Акрамов Авазҷон Абдуллоевич
Аннотатсия:
Фаъолияти клинкер аз рӯи режими сӯзишворӣ, таркиби химиявӣ ва хосиятҳои ашёи хом муайян карда мешавад. Дар байни омилҳое, ки ба сифати клинкер таъсир мерасонанд, парокандагии омехтаи ашёи хом нақши асосиро мебозад. Муайян карда шуд, ки бад шудани кори клинкери цемент аз сабаби нокифоя суфта шудани компонентҳо мебошад. Суфтакунии оҳаксанг махсусан муҳим аст – хусусан суфтакунии дағал ба фаъолияти клинкер таъсири муҳим муҳим мерасонад, назар ба масолеҳои ғайрикварти, ки бо чунин раванд суфта шудаанд. Ҳангоми баробар майда-суфта намудани ҳамаи компонентҳо, микроструктураи клинкери майда-дона ҳосил мегеардад, ки он дар раванди гидротатсия ба ташаккулёбии санги сементии зичииаш баланд, ба мустаҳкамии механикии зиёд мусоидат менамояд.
Калидвожаҳо: оҳаксанг, гил, майда суфтакунӣ, фаъолияти клинкер, санги сементӣ.

