ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

Сафаров Хуҷавалӣ, Мирзоева Нисобегим Шоназаршоевна

Аннотатсия: 

Мукаммалгардонии ҷараёни таҳвили бор ва баландбардории самаранокии боркашонӣ бо истифодаи шартҳои логистикӣ яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи нақлиёт ва иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар таҳқиқот масъалаҳои оптимизатсия ва самаранокии равандҳои интиқоли борҳо, таҳияи моделҳои логистикӣ ва истифодаи шартҳои замонавӣ барои баландбардории самаранокии корхонаҳои нақлиётӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Натиҷаҳои таҳқиқот имконият медиҳанд, ки ҷараёни таҳвил соддатар ва самараноктар шуда, хароҷот коҳиш ёбад ва сатҳи хизматрасонӣ барои муштариён беҳтар гардад.

Калидвожаҳо: таҳвили бор, боркашонӣ, самаранокӣ, логистика, оптимизатсия, шартҳои логистикӣ.