Султонов Ҳайдар Назарович
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур методикаи ҳисоби сараки шатун, ки нуқтаи пайвастшавии он бо поршен таввасути ангуштак мебошад, пеш оварда шудааст. Мақсад аз овардани ин ҳисоб зиёд намудани мустаҳкамии сараки шатун бобати андешидани тадбирҳо дар марҳилаи ба нақшагирии ин ҷузъ ва технологияҳои истеҳсол дар равандҳои истеҳсолӣ мебошад, ки он бевосита ба дарозумрӣ ва боэътимод кор намудани шатун мусоидат менамояд. Таҳлили истифодабарии муҳаррикҳои дарунсузӣ дар трактору мошинҳо истифодашаванда нишон медиҳад, ки дар таъмирҳои капиталӣ то 30% ба таъмири капиталии якум ва 35% ба таъмири капиталии такрорӣ ба ин ҷузъҳои осебдида таалуқ доранд, ки қисми зиёди ин аз нуқсонҳои ба сараки болоии шатун рост меоянд. Шатун ҷузъе мебошад, ки дар шароити таъсири динамикии сарбориҳо бо коэффитсиенти 1,15-1,22 кор менамояд, ки ин бевосита зарурияти тағйр додани сохт ва ҳолати техникии онро тақозо менамояд.
Калидвожаҳо: шатун, қувваҳо ва моментҳои таъсиркунанда, шиддат, кунҷҳои расида шаванда, мустаҳкамӣ захираҳо.

